Бахши узбекии Радиои Озодӣ рӯзи 11-уми ноябр навишт, ки Дилшод Искандаров "ба тақҳири президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев" гунаҳкор шуд.
Ба иттилои манбаъ, Искандаров тобистони имсол ҳангоми дар Русия буданаш зери як акси хонаводагии Мирзиёев дар Инстаграм шарҳе гузошта, вале дертар онро бардоштааст.
Вазорати адлияи Узбекистон гуфтааст, дар навиштаи ӯ "таҳқир ва бадном кардани президент" ҷой дошт.
Дилшод Искандаров моҳи ноябри соли 2022 барои кор ба Владивостоки Русия рафта буд. Баъд аз онки фаҳмид ба зидди ӯ парванда кушодаанд, моҳи августи имсол ба Узбекистон баргашт.
Вай дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтааст, мухолифи сиёсати президенти Узбекистон нест, аммо надониста дар ҳаққи ӯ суханҳои таҳқиромез навишт. Маълум нест, изҳороти ӯ дар чӣ шароите баён шуда.
Додгоҳ қарор баровардааст, ки саҳифаи Дилшод Искандаровро дар Инстаграм пурра банданд.