Вазири пешини иқтисоди Қазоқистон Қуандиқ Бишибоев дастгир шудааст.
Ӯро барои задан ва ба марг расондани ҳамсараш муттаҳам медонанд.
Муовини вазири корҳои дохилии Қазоқистон рӯзи 10-уми ноябр ба хабарнигорон гуфт, “ба зидди Бишибоев парванда боз шуд ва таҳқиқ ҷараён дорад.”
Қуандиқ Бишибоев яке аз вазирони ҷавонтарин дар Қазоқистон буд. Дар 26-солагӣ ба ин мансаб расид.
Ӯро моҳи марти соли 2018 ба гумони фасод дар даврони мудири ширкати миллии "Байтерек" буданаш зиндонӣ карда буданд. Ҳарчанд худаш мегуфт, ки гуноҳ надорад.