Барои намуна, гуфта хоҳад шуд, ки 26-уми майи соли 2021 Раҳматилло Зойиров аз мақоми раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон канор рафт.
Ба гуфтаи бисёре аз шариконаш, ин як истеъфои маҷбурӣ буд. Борҳо бераҳмона латукӯб шуд. Мақомот, зоҳиран, ҳамларавонро ҳатто ҷустуҷӯ накарданд.
Раҳматилло Зойировро ба чандин ҷурм гунаҳкор мекарданд ва ҳизбашро мегуфтанд, ки тарафдор надорад. Вале кореро, ки бо ӯ карданд, акси ин танқидҳоро нишон медиҳад.
Вай касе буд, ки бе хастагӣ ҳар иштибоҳу қонуншиканиро ба рӯйи ҳукумат мекашид ва ҳукумат далелҳои ӯро рад карда наметавонист. Мегуфт, мақсадаш ин аст, ки қонун фаромӯш нашавад ва иродаи халқ нашиканад.
Дар ин мусоҳибааш Раҳматилло Зойиров ба чандин нуктаи вазъу низоми Тоҷикистон рӯшанӣ меандозад.
Подкасти "Ганҷи шойгон"-ро дар инҷо бишнавед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад