Тоҷикистону Эронро дубора чӣ ба ҳам овард?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Муносибати Тоҷикистон ва Эрон, ки чанд сол пеш сард буд, зоҳиран ба марҳилаи нав ворид гардидааст. Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, 8-уми ноябр ба Душанбе омад ва байни ду кишвар чанд санад имзо шуд. Аз он пеш баъзе аз мансабдорони тоҷику эронӣ ҳам мулоқот карданд. Ду тарафро чӣ ба ҳам овардааст?