Атазов дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ӯро дар бораи интихоботи такрории соли гузашта дар ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек пурсидаанд, ки Атазов дар он пирӯз шуда буд.
"Ман ба ҳайси шоҳид бозпурсӣ шудам. Бештар аз 10 рӯз аст, ки ду ҷонибдори ман дар ҳабс ҳастанд. Баъди як моҳи интихобот рақибони ман шикоят кардаанд ва инак ду сол мешавад, ки таҳқиқот идома дорад", - гуфт вакил.
Вай тасдиқ кард, ки ду ҷонибдорашро бо гумони хариди раъйи мардум боздошт кардаанд.
Ба ҷуз ин Атазов гуфт, ки аз ӯ дар бораи робитаҳояш бо муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Райимбек Матраимов пурсидаанд.
Интихоботи такрорӣ барои курсии вакилии порлумон дар ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек 27 феврали соли 2022 баргузор шуда буд. Комисияи марказии интихоботи Қирғизистон Шайлообек Атазовро ғолиби он интихобот эълом кард.
Рӯзи 3 ноябр Атазов дар саҳифаи фейсбук навишт, боздошти онҳое шуруъ шудааст, ки дар интихобот ба ҷонибдорӣ аз ӯ тарғиб карда буданд. "То он ҷое, ки ман огоҳ шудам, онҳоро маҷбур доранд, эътироф кунанд, ки гӯиё Райимбек Матраимов ҳангоми интихобот барои таблиғот ба онҳо пул додааст", - навишт Атазов.