Пештар расонаҳо хабар доданд, мақомоти Эрон нагузоштанд, Наргис Муҳаммадӣ аз зиндон ба беморхона интиқол ёбад. Вай аз "фишори хун ва вазъи бади шараёнҳо" ранҷ мекашад ва пизишки зиндон тавсия дода буд, ки ӯ дар бемористон бистарӣ шавад.
Наргис Муҳаммадӣ, як ҳомии зиндонии ҳуқуқи занони Эрон “барои муборизааш зидди саркӯби занон дар Эрон” барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2023 эълон шуд.
Кумитаи Нобели Норвегия дар изҳороте рӯзи 6-уми октябр гуфт, Ҷоизаи имсолаи Нобел барои сулҳ инчунин аз талошҳои садҳо ҳазор мардуми Эрон қадрдонӣ мекунад, ки мухолифати худро бо "сиёсати режими табъизомези мазҳабии Эрон, ки занонро саркӯб мекунад" ба намоиш гузоштанд.
Эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Эрон аз марги духтари 22-сола Маҳсо Аминӣ сентябри порсол шуруъ шуд. Ин духтари ҷавон баъд аз боздошташ барои нақзи қоидаи ҳиҷобпӯшӣ дар шароити мармуз даргузашт ва ин ҳодиса садҳо ҳазор сокини Эронро ба хашм овард.
Наргис Муҳаммадӣ баъди Ширин Ибодӣ (соли 2003) дуюмин зани эронӣ аст, ки Ҷоизаи сулҳи Нобелро мебарад.