Дар ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза 200 каси дигар кушта шудаанд

6-уми ноябр Талъат Барҳом дар маросими дафни ҳамсар ва чор фарзандаш ширкат кард, ки дар бомбаборони Исроил дар Рафаҳ кушта шуданд

Шаби 5 ба 6-уми ноябр дар ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза беш аз 200 нафар кушта шудаанд. Дар ин бора Вазорати тандурустии Ғазза хабар дод, ки зери назорати гуруҳи “Ҳамос” аст.

Интизор меравад, ки бо омори ахири Вазорати тандурустии Ғазза, шумораи талафот дар ин борика аз 10 ҳазор нафар зиёд шавад.

Артиши Исроил дар посух ба ҳамлаи 7-уми октябри неруҳои “Ҳамос” ба ин кишвар, қариб як моҳ аст Ғаззаро бомбборон мекунад. Дар ҳамлаи “Ҳамос” ба Исроил беш аз 1400 кас ва асосан сокинони мулкӣ кушта шуда, зиёда аз 240 нафар ба асорат афтоданд.

Даъвати роҳбарони чанд кишвар ва ҳам Созмони Милал барои оташбас дар Ғазза аз сӯи Исроил рад шуд. Тел-Авив мегӯяд, то маҳви гуруҳи “Ҳамос” ҳамлаҳо идома хоҳанд кард.