Дар ин бора телевизиони NBC News бо такя ба қавли як мақоми ҳозира ва як мақоми пешинаи баландпояи амрикоӣ хабар дод.
Ба гузориши манбаъ, баъзе аз баҳсҳои "мушкил" моҳи октябр дар нишасти Гурӯҳи тамос барои дифои Украина сурат гирифтааст. Ин Гуруҳ беш аз 50 кишварро дар бар мегирад.
Мусоҳибони NBC News гуфтаанд, дар ин суҳбатҳо ин нукта ҳам баҳс шуд, ки Украина аз чӣ даст бикашад, то ба сулҳ бирасад.
Манобеъ таъкид кардаанд, ки ин баҳсҳо дар пасманзари нигаронии Амрико ва кишварҳои аврупоӣ аз он ки ҷанг ба бунбаст расидааст ва онҳо имкони идомаи кумакро ба Украина надоранд, оғоз шуд.
Намояндагони Амрико ошкоро рад мекунанд, ки онҳо Украинаро ба музокира тела медиҳанд.
"Ҳама гуна тасмим дар бораи музокирот дар ихтиёри Украина аст," -- гуфт сухангӯйи Шӯрои Амнияти Миллии Амрико Адриен Уотсон.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати дифои Амрико рӯзи 3-юми ноябр хабар дод, ки Иёлоти Муттаҳида бастаи нави ёриҳоро ба маблағи 425 миллион доллар ба Украина ҷудо кард.