Дархости Амрико аз Исроил ва изҳороти раҳбари “Ҳизбуллоҳ”

Иёлоти Муттаҳида аз Исроил хост, барои вуруди ёриҳои башардӯстона ба Ғазза имкон фароҳам оварда, барои ҳифзи аҳолии ғайринизомӣ талоши бештар кунад.

Ин даъват дар ҳоле садо дод, ки Исроил гуфт, то замони раҳо шудани гаравгонҳо аз дасти ҲАМОС оташбасе нахоҳад шуд.

Котиби давлатии Амрико, Энтони Блинкен, рӯзи 3-юми ноябр пуштибонии Иёлоти Муттаҳидаро аз Исроил тасдиқ, аммо ба зарурати “танаффуси башардӯстона” таъкид кард.

Вай гуфт, бояд миқдори кумак ба мардуми осоиштаи Фаластин афзуда шавад.

Дар ҳоле ки нерӯҳои Исроил шаҳри Ғаззаро иҳота кардаанд, Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”, аз васеъ шудани миқёси ҷанг ва тасмими ҳамлаҳои нав аз тарафи марзи Лубнон хабар дод.