Узбекистон, Қирғизистон ва Русия барои сохтани як долони нақлиётӣ тавассути Каспий ба созиш расидаанд.
Дар ин бора Вазорати нақлиёти Узбекистон баъди баргузории форуми нақлиётии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой хабар дод, ки рӯзи 1-уми ноябр дар шаҳри Тошканд барпо шуд.
Вазири нақлиёти Узбекистон Илҳом Маҳкамов, вазири нақлиёт ва иртибототи Қирғизистон Тилек Текебоев ва муовини вазири нақлиёти Русия Дмитрий Зверев тафоҳумномаи ҳамдигарфаҳмиро дар бораи ташкил ва рушди долони "Русия-баҳри Каспий-Турманистон-Узбекистон-Қирғизистон" имзо кардаанд.
Интизор меравад, масири нав зери номи "Долони ҷануб" ба Қирғизистон имкон хоҳад дод, ки тавассути Узбекистон, Туркманистон ва Баҳри Каспий ба Аврупо ва Русия роҳ ёбад.