Се узбекистоние, ки рӯзи 29-уми октябр дар ҳамоиши эътирозӣ ба ҷонибдорӣ аз Фаластин дар майдони "Амир Темур"-и шаҳри Тошканд боздошт гашта буданд, 15 шабонарӯз ҳабс шудаанд.
Хабаргузории "Газета.uz" иттилоъ дод, ки боздоштшудаҳоро бо қарори додгоҳи ноҳияи Шайхонтоҳури Тошканд ҳабс карданд.
Ду нафари онҳо аз ноҳияи Оҳангарон ва як нафар аз ноҳияи Косони вилояти Қашқадарё ҳастанд. Онҳо бар асоси бандҳои "Итоат накардан ба талаби корманди ҳифзи ҳуқуқ" ва "Нақзи тартиботи ҷамъиятӣ" айбдор дониста шудаанд.
Қаблан расонаҳо хабар доданд, ки мақомоти интизомӣ дар шаҳри Тошканд иштирокдорони ҳамоиши эътирозӣ ба ҷонибдорӣ аз Фаластинро дастгир карданд.
Хабаргузории "Gazeta.uz" бо истинод ба манбаъҳои худ иттилоъ дода, ки беш аз 100 нафар дар майдони "Амир Темур"-и шаҳр ҷамъ шуда буданд ва маъмурони пулис онҳоро дастгир карда, ба шуъба бурдаанд.