“Ҳамос” гуфт, чанд гаравгони хориҷиро раҳо хоҳад кард

Ҷанги байни Исроил ва гуруҳи фаластинии “Ҳамос” беш аз се ҳафта боз ҷараён дорад

Шохаи низомии “Ҳамос” гуфт, дар рӯзҳои наздик чанд гаравгони хориҷиро раҳо хоҳад кард ва афзуд, ки “Ғаззаро ба қабристони артиши Исроил табдил хоҳад дод”.

Абу Убайда, сухангӯйи Иззуддин Қасом, дар як суханронии телевизионӣ рӯзи 31-уми октябр гуфт, “мо ба миёнравон иттилоъ додем, ки теъдоди муайяни хориҷиёнро дар рӯзҳои наздик раҳо хоҳем кард.”

Исроил мегӯяд, тақрибан 239 гаравгон дар Навори Ғазза ва дар дасти нерӯҳои “Ҳамос” аст.

Ин афрод дар ҳамлаи маргбори рӯзи 7-уми октябр аз сӯйи ҷангҷӯёни гурӯҳи фаластинӣ рабуда ва ба Ғазза бурда шудаанд. Дар он ҳамла беш аз 1400 исроилӣ кушта шуд.

“Ҳамос” то кунун чаҳор гаравгонро раҳо кардааст. Артиши Исроил рӯзи 30-юми октябр аз раҳоии як сарбозаш дар ҷараёни амалиёт дар Ғазза хабар дод.

Ҷанги Исроил ва гуруҳи фаластинии “Ҳамос” беш аз се ҳафта боз ҷараён дорад.

Ба гуфтаи мақомоти тандурустии Навори Ғазза, дар ин муддат бар асари ҳамлаҳои густурдаи ҳавоии Исроил беш аз 8500 фаластинӣ кушта шудаанд.