Ҳушдор аз як "буҳрони беҳдоштӣ" дар Навори Ғазза

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (World Health Organization) аз як "буҳрони беҳдоштии қарибулвуқуъ" дар Навори Ғазза ҳушдор дод.

Масъулони созмон 31-уми октябр мардуми беҷошудаи бешумор ва тахриби шабакаҳои обрасонӣ ва фозилобро сабаби буҳрон донистанд.

Сухангӯйи Бунёди кӯдакони Созмони Милал низ ҳушдор дод, ки дастрасӣ ба об дар Навори Ғазза кам шуда, хатари ҷон бохтани навзодонро бар асари камобӣ бештар кардааст.

Вай ҳамзамон гуфт, 940 кӯдак дар Ғазза нопадид шудаанд ва гумон меравад, ки баъзе аз онҳо дар зери вайронаҳо мондаанд.

Ҳамлаҳои Исроил аз замину ҳаво ба Навори Ғазза беш аз се ҳафта боз идома дорад.

Ҷанг пас аз он сар шуд, ки гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" рӯзи ҳафтуми октябри имсол дар як ҳамлаи бесобиқа ба ҷануби Исроил 1400 нафарро кушт ва беш аз 200 нафарро гаравгон гирифт.

Масъулони хадамоти тандурустӣ дар Навори Ғазза мегӯянд, шумори кушташудагони фаластинӣ дар бештар аз се ҳафтаи охир ба 8300 кас расидааст.