Дар ошхонаи “Мерве"-и Душанбе гази моеъ таркида, боиси ҷароҳат бардоштани ду нафар шудааст.
Дар ошхонаи “Мерве"-и Душанбе гази моеъ таркида, боиси ҷароҳат бардоштани ду нафар шудааст.
Раёсати корҳои дохилии Душанбе гуфт, ҳодиса баъд аз нисфирӯзии 30-юми октябр рух дод. Дар бораи аҳволи захмиён ҷузъиёт дода нашудааст. Дар хабари расмӣ омадааст, яке аз онҳо корманди ошхона ва дигарӣ мизоҷ будааст.
Мақомот мегӯянд, дар ин ҳодиса як мошини "Лексус" ҳам зарар дидааст. Пулиси Душанбе гуфтааст, ҳодисаро таҳқиқ дорад.
Ошхонаи "Мерве" барои мизоҷон хурокҳои туркиро пешниҳод мекунад. Соли 2009 ва 2018 низ дар ошхонаи "Мерве" сӯхтор сар зада буд.