Рӯзи 5-уми октябр тақрибан 20 хатмкардаи донишгоҳҳои Русияро дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Тукрманбошӣ, баробари берун шудан аз ҳавопаймо мақомоти интизомӣ боздошт карда, бурдаанд.
“Ҳудудан 25 ҷавон аз вилояти Балкан, баъди хатми Донишгоҳи Саратови Русия рӯзи 5-уми октябр ба ватан баргаштанд. Онҳоро кормандони комиссариати ҳарбӣ, Вазорати амнияти миллӣ ва пулис мисли ҷинояткор пешвоз гирифта, аз фурудгоҳ рост ба артиш бурданд”- гуфт, яке аз заноне, ки фарзандаш ҳамроҳи дигар ҷавонон иҷборан ба хидмат бурда шуд.
Модароне, ки ба истиқболи фарзандони худ, ба фурӯдгоҳ омада буданд, аз он шикоят мекунанд, ки барояшон иҷоза надоданд ҳадди аққал чанд дақиқа бачаҳояшонро бубинанд “. Аксари мо фарзандонамонро 5 сол боз надидаем. Мо сабаби чунин рафтори дағал бо онҳоро намедонем” - гуфт, яке аз дигар волидон.
Ба гуфтаи наздикони хатмкунандаҳо, мақомот онҳоро ба он айбдор кардаанд, ки баъд аз супурдани имтиҳон дар моҳи июн, ба ватан барнагаштанд.
Мардони аз 18 то 27 сола дар Тукрманистон уҳдадоранд, ки то 2 сол дар сафи артиш хидмат кунанд.
Ба таъкиди манбаъҳои Радиои Озодӣ, ба далели саркашии ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ, ҳукумати Туркманистон солҳост талош мекунад барои пур кардани сафи артиш аз роҳу шеваҳои гуногун истифода барад.
Дар мавсими даъвати ҳарбӣ, ки соле ду бор дар ин кишвар роҳандозӣ мешавад, пулис ва кормандони комисариатҳои ҳарбӣ бо ҳадафи ҷустуҷӯйи даъватшавандаҳо дар хиёбону мактаб ва нуқтаҳои ҷамъиятӣ навбатдорӣ ташкил мекунанд.