Беш аз 20 туркманистониро баъди бозгашт аз Русия ба хидмат бурданд

Ҳудуди 25 ҷавонро аз вилояти Балкани Туркманистон, ки 5-уми октябр баъд аз хатми Донишгоҳи давлатии Саратови Русия ба ватан баргаштанд, аз фурудгоҳ мустақим ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд.

Ҳудуди 25 ҷавонро аз вилояти Балкани Туркманистон, ки 5-уми октябр баъд аз хатми Донишгоҳи давлатии Саратови Русия ба ватан баргаштанд, аз фурудгоҳ мустақим ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд.

Сокини Балкан ва модари яке аз ин ҷавонон ба бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфт, писарони онҳоро кормандони комиссариати ҳарбӣ, Вазорати амнияти миллӣ ва пулис дар фурудгоҳ пешвоз гирифта, "бо онҳо ҳамчун ҷинояткор муносибат карданд".

Ба гуфтаи волидони ҷавонон, писарони онҳоро мақомот ба он айбдор кардаанд, ки гӯиё баъди хатми донишгоҳ дар моҳи июни имсол фавран ба ватан барнагаштанд.

Ба бештари ҷавонон имкон надодаанд, ки ҳатто бо волидони худ суҳбат кунанд.

Дар Туркманистон хидмати ҳарби ҳатмӣ буда, соле ду бор ҷавонон ба сафи артиш даъват мешаванд.