Мақомоти Амрико бастаи нави кумакҳои низомиро барои Украина ба маблағи 150 миллион доллар ҷудо карданд, ки аз ҷумла, таҷҳизоти дифои ҳавоӣ, тӯпхона ва муҳимоти зиддитонкиро дарбар мегирад.
Вазири умури хориҷии ИМА Энтони Блинкен гуфт, бастаи нави кумакҳо аз мушакҳо барои низомҳои дифои ҳавоии "NASAMS" ва "AIM-9 Sidewinder", мушакҳои "GMLRS" барои "HIMARS MLRS", лавозимоти ҷангии зиддитонкии "TOW", тирҳои андозаашон 155 ва 105 мм, мушакҳои "Стингер", низоми мушакии зиддитонкии "Жавелин" иборат аст.
Бастаи қаблии кумакҳои низомии ИМА барои Украина ба маблағи 200 миллион доллар силоҳҳои зиддитонкӣ ва таҷҳизот барои муқобила бо ҳавопаймоҳои бесарнишини Русияро дарбар мегирифт.
Амрико аз оғози ҳамлаи таҷовузкоронаи Русия ба Украина ба маблағи беш аз $43,9 миллиард ба Украина кумаки низомӣ кардааст.