Мақомот гуфтанд, вазири пешини адлияи Қазоқистон кӯшиши фирор дошт

Асет Чиндалиев

Муовини додситонии кулли Қазоқистон Асет Чиндалиев рӯзи 26-уми октябр гуфт, вазири пешини адлияи ин кишвар Марат Бекетаев ҳангоми талоши фирор аз кишвар дастгир шуд.

Асет Чиндалиев, муовини додситонии кулли Қазоқистон, рӯзи 26-уми октябр гуфт, вазири пешини адлияи ин кишвар Марат Бекетаев ҳангоми талоши фирор аз кишвар дастгир шуд.

Чиндалиев гуфт, вазири пешини адлия ба суистифода аз мансаб гумонбар аст.

"Бекетаев, дар воқеъ, ҳангоми талоши фирор аз кишвар боздошт шуд. Иттилои боқимонда сирри тафтишот аст", - гуфт Чиндалиев.

Дар бораи боздошти вазири адлия рӯзи 21-уми октябр Хадамоти зиддифасоди Қазоқистон хабар дод.

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, Бекетаев тавассути таъмин кардани манфиатҳои ширкатҳои шубҳаовар ба давлат зиёни калон расонидааст.

Расонаҳои маҳаллии Қазоқистон навиштанд, Бекетаев дар ҳабси хонагӣ буд ва эҳтимол талоши тарки Қазоқистонро кардааст. Марат Бекетаеви 46-сола аз соли 2016 то соли 2022 вазири адлияи Қазоқистон буд.