Дар шаҳри Люистони аёлати Мэни Амрико шахси ношинос ба сӯи одамон тир кушодааст.
Бино ба иттилои охирин, дар натиҷаи ин тирпарронӣ 22 кас кушта шуда, 60 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
Пулис мегӯяд, касе ки тир кушодааст, эҳтимол Роберт Карди 40-сола аст. Пулис мегӯяд, вай ҳангӯз боздошт нашудааст.
Ҳамзамон ангезаи ҳодиса маълум нест.