Антонио Гуттереш мегӯяд, изҳороташ таҳриф шудааст ва ӯ ҳеч гоҳ ҳамлаҳои гуруҳи фаластинии “Ҳамос”-ро ба Исроил дуруст нашумурдааст.
“Инки кадом иқдоми террористии “Ҳамос”-ро тавҷеҳ карда бошам, комилан нодуруст аст. Бар хилофи он будам,” – гуфт ӯ рӯзи 25-уми октябр ба хабарнигорон дар Ню-Йорк.
“Дар оғози изҳороти дирӯз (23-юми октябр) ошкор гуфтам, ки иқдомҳои террористӣ ва бесобиқаи “Ҳамос”-ро дар Исроил дар рӯзи ҳафтуми октябр накуҳиш мекунам. Ҳеч чизе наметавонад иқдоми барқасдонаеро барои қатлу захмӣ кардан ва гаравгон гирифтани ғайринизомиён ва мушакпарониҳо бар аҳдофи ғайринизомӣ тавҷеҳ кунад,” – илова кард ӯ.
Антонио Гуттереш
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, рӯзи сешанбе дар нишасти Шӯрои Амният танҳо дар мавриди осебҳои мардуми Фаластин суҳбат кард.
Вазири корҳои хориҷии Исроил дар вокуниш ба ин изҳорот дидори барномарезишударо бо Антонио Гуттереш бекор кард. Вай дар суҳбат бо Радиои артиши Исроил гуфт, кишвараш додани визаро барои намояндаҳои Созмони Милал низ рад мекунад.
Ҳамзамон бо ин, шиддати ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза афзоиш ёфта, буҳрони башарӣ дар минтақа бештар гардидааст. Минтақа дар муҳосираи комил аст ва мардум аз набудани нафт ва камбуди обу хӯроку дору ранҷ мекашанд.
Баъд аз ҳамлаҳои гуруҳи фаластинии “Ҳамос” ба Исроил дар рӯзи 7-уми октябр, ки беш аз 1400 кушта барҷой гузошт, Ғазза ҳадафи ҳамлаҳои маргбортарин аз сӯи Телавив қарор гирифт.
Вазорати тандурустии Ғазза, ки аз тарафи “Ҳамос” назорат мешавад, гуфта, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил дар тақрибан се ҳафтаи охир ба ин шаҳр беш аз 6500 кас кушта шуд.
Дархостҳо барои оташбас ва кӯшишҳо барои эҷоди даҳлези доимии ёриҳои башардӯстона то кунун натиҷа надодааст. Ҳамзамон Исроил гуфта, ки ҷанг тӯлонӣ хоҳад буд ва то нобудии “Ҳамос” идома хоҳад дошт.