Дурнамои татбиқи бузургтарин тарҳи зербиноӣ дар пойтахти Туркманистон - "Ишқобод-ситӣ" номаълум мемонад.
Мақомоти туркман ҳам шарҳ намедиҳанд, ки сохтмони "Ишқобод-ситӣ", ки се сол пеш дар як маросими бошукӯҳ оғоз шуда буд, чаро ногаҳон қатъ гаштааст.
"Дар онҷо ҳеч гуна корҳои сохтмонӣ ҷараён надорад. Танҳо лавҳаҳои бузург бо акси биноҳо дида мешавад", - иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ.
Мақомоти туркман интизор доштанд, ки тарҳи "Ишқобод-ситӣ" ба пойтахти нави он кишвар табдил меёбад. Тибқи нақша, дар ҳудуди маҷмаа бояд беш аз 200 бинои аз 12 то 35-ошёна сохта мешуд.
Иҷрои лоиҳа, ки соли 2020 оғоз гашта буд, як сол баъд, пас аз он ки коршиносон ба ноустувории замин дар он минтақа ишора карданд, боз дошта шуд.
Манбаъҳои бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфтанд, он замон ба шаҳрдории Ишқобод хабар дода шудааст, ки дар маҳалли сохтмон оби зеризаминӣ аз меъёр зиёд аст.