Як идораи СММ гуфт, фаъолияташро дар Ғазза кам мекунад

Идораи Созмони Милал дар умури паноҳҷуёни Фаластин ҳушдор додааст, ки ҳангоми нарасидани маводи нафтӣ фаъолиятҳои башарии худро дар Ғазза коҳиш хоҳад дод.

Идораи Созмони Милал дар умури паноҳҷуёни Фаластин ҳушдор додааст, ки ҳангоми нарасидани маводи нафтӣ фаъолиятҳои башарии худро дар Ғазза коҳиш хоҳад дод.

Навори Ғазза пас аз ҳамлаи ғофилгиронаи гурӯҳи фаластинии “Ҳамос” (7-уми октябр) ба Исроил, тақрибан се ҳафта боз ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоии ин кишвар аст.

Идораи Созмони Милал дар умури паноҳҷуёни Фаластин дар ҳоле чунин ҳушдор дода, ки шифохонаҳои Ғазза бо камбуди ҷиддии маводу таҷҳизот мувоҷеҳанд.

Мақомҳои бахши тандурустии Фаластин гуфтаанд, шумори талафоти ҳамлаҳои Исроил бар Ғазза, минтақаи зери назорати “Ҳамос”, дар ҳоли афзоиш аст.

Ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил рӯзи 24-уми октябр Навори Ғаззаро бомбаборон карданд.

Аз оғози даргириҳо зиёда аз 5000 фаластинӣ ва беш аз 1400 исроилӣ кушта ва аз ду тараф ҳазорҳо кас захмӣ шудаанд.