Сабти боз як заминларза дар Тоҷикистон

Заминларзае рӯзи 25-уми октябр қаламрави Тоҷикистонро такон дод. Мақомот дар ин бора шарҳе надодаанд.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон дар иттилоияи расмӣ гуфт, ҳодиса соати 15:49 рӯй дод. Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон шиддати зилзиларо 5,2 дараҷаи Рихтер гуфт.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст.

Ҳамасола дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад.

Бар асари заминларзаи моҳи марти имсол 2200 кас дар Тоҷикистон зарар дид.