Вазорати тандурустии Қазоқистон хабар дод, ки аз моҳи феврали имсол 10 ҳазор мавриди гирифториро ба бемории сурхак сабт карданд, аммо теъдоди беморон аз аввали тирамоҳ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.
Бахши қазоқии Радиои Озодӣ навишт, ки дар баъзе аз минтақаҳои Қазоқистон аллакай маҷбур шудаанд, барои қабули беморон марказҳои иловагӣ ташкил кунанд.
Тибқи иттилои вазорат, бештари мавридҳои гирифторӣ ба сурхак дар шаҳрҳои Алмато, Чимкент ва Атирауи Қазоқистон ба қайд гирифта шудааст. Табибони қазоқ мегӯянд, ҳамарӯза 70-80 бемори навро қабул мекунанд.
Асосан онҳоеро бистарӣ мекунанд, ки дар ҳолати вазнин оварда мешаванд. Бештари мубталоён кӯдакони то 14-сола ҳастанд ва зидди сурхак эм нашудаанд.
Дар Қазоқистон ҳолатҳои зиёде мушоҳида мешавад, ки волидон намегузоранд, фарзандонашон ваксина гиранд. Коршиносон мегӯянд, онҳо ба сифати доруҳо шубҳа доранд.