Вазорати мудофиаи Узбекистон ду чархболи навъи Ми-8МТВ-ро таъмир карда, ба Қирғизистон баргардондааст.
Вазорати мудофиаи Узбекистон ду чархболи навъи Ми-8МТВ-ро таъмир карда, ба Қирғизистон баргардондааст.
Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, ки парки авиатсияи низомии Қирғизистон соҳиби ду чархболи низомии дигар шуд.
Вай илова кард, ки Узбекистон соли 2021 ҳамчун кумаки бебозгашт ба Қирғизистон чархболи низомии Ми-8МТВ дода буд.
"Баъдтар ҷониби Қирғизистон айнан чунин чархболеро барои таъмир ба Узбекистон фиристод. Вазорати мудофиаи Узбекистон таъмири чахрболро комилан ба зимма гирифт", - навишт Ҷабборов.
Мутахассисони Вазорати мудофиаи Қирғизистон чархболро дастрас карда, ба Бишкек расондаанд.