Игор Черевченко: "Бозии бисёр душворро интизорем"

Игор Черевченко

​​​​​​​Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар даври севуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар гурӯҳи “Е” бо тими “Персеполис”-и Теҳрон бозӣ мекунад.

Бозӣ миёни қаҳрамонҳои футболи Эрону Тоҷикистон шаби сешанбеи 24-уми октябр дар варзишгоҳи “Озодӣ”-и Теҳрон соати 21:00 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.

Пеш аз бозӣ муқобили тими “Персеполис” Игор Черевченко, сармураббии “Истиқлол”, дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфтааст, “бозии бисёр душворро интизорем. Вазъият чунин аст, ки ба ҳама имтиёз зарур аст, ба ҳама пирӯзӣ зарур аст. Чӣ гуна бозӣ сурат мегирад, пас аз анҷоми он муҳокима хоҳем кард. Тавоноии “Персеполис”-ро медонем, тими хеле хуб аст. Ҳарифамон ба мисли дигар тимҳо ситораҳо надорад, аммо бозии хуб ҳамоҳангшуда мекунад. Дар хатҳо ҷои заъф нест, медонанд, ки дар майдон чӣ кор кунанд, тими хеле пурқувват аст.”

Яҳёи Гулмуҳаммадӣ, сармурабии “Персеполис”, дар ин нишаст чунин иброз доштааст: “Пеш аз ҳама ба тими “Истиқлол”-и Тоҷикистон хуш омадед мегӯям, хушҳолам ки мизбони ин тими хуб ҳастем. Бояд бидонем фардо бозии роҳате нахоҳем дошт. Ҳарифамон тими қобили эҳтиром аст ва бозии дифоии худашро дорад. Ба ин бозӣ омодагии хуб дидаем ва ҳаракат мекунем, ки рафти бозиро идора кунем. Умедворам бозии хубе анҷом медиҳем ва соҳиби се имтиёз гардида, мухлисонро шод мегардонем."

Сардовари ин бозӣ довари FIFA Муҳаммад Қосим Саррай аз Ироқ мебошад.

Баъди натиҷагирии бозиҳои даври дувуми мусобиқот дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Ал-Наср” бо шаш имтиёз дар мақоми аввал аст. “Персеполис” бо се имтиёз дар зинаи дувум қарор дорад.

“Ал-Дуҳайл” ва “Истиқлол” якимтиёзӣ ба даст овардаанд.

Дар бозии дигари даври севуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи “Е” рӯзи 24-уми октябр «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ дар сафар бо «Ал-Дуҳайл»-и Қатар рақобат мекунад.

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастаи нишондодҳояшон хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо дар ҳар як минтақа, дар маҷмуъ 16 даста, ба 1/8 финал роҳ пайдо мекунанд.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «Е»

Даври 1-ум

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Дуҳайл» (Қатар) – 0:0

19-уми сентябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 17 500 тамошогар.

«Персеполис» (Эрон) – «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 0:2

Голҳо: Даниал Исмоилифар, 62 – ба дарвозаи худ (0:1). Муҳаммад Қосим Ал-Нахлӣ, 72 (0:2).

19-уми сентябр. Теҳрон, Варзишгоҳи “Озодӣ”. Бе тамошогар.

Даври 2-юм

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 3:1

Голҳо: Сенин Себаи, 44 (0:1), Криштиану Роналду, 66 (1:1), Андерсон Талиска, 72 (2:1), Андерсон Талиска, 77 (3:1).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Седрик Гогуа (Содиқҷон Курбонов,15), Иван Новоселетс, Артур Карташян, Ромиш Ҷалилов (Алиҷон Кароматуллозода, 71), Табрез Исломов, Денис Беганович (Шаҳром Сулаймонов, 71), Эхсони Панҷшанбе, Алишер Ҷалилов, Ҳамадонӣ Камолов (Шервонӣ Мабатшоев, 58), Сенин Себаи.

2-юми октябр. Риёз, варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк». 20 770 тамошогар.

«Ал-Дуҳайл» (Қатар) – «Персеполис» (Эрон) – 0:1

Гол: Умед Алишоҳ, 63 (0:1).

2-юми октябр. Давҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифа.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи "Е":

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

2

2

0

0

5-1

6

2

«Персеполис» (Эрон)

2

1

0

1

1-2

3

3

«Ал-Дуҳайл» (Қатар)

2

0

1

1

0-1

1

4

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

2

0

1

1

1-3

1

Даври 3-юм

24-уми октябр (сешанбе)

Оғози бозиҳо – соати 21:00 ба вақти Душанбе

«Персеполис» (Эрон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Ал-Дуҳайл» (Қатар) – «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)