Ба ин тартиб, рӯзноманигорон Нилуфар Ҳамидии 31-сола 7 сол ва Илоҳа Муҳаммадии 36-сола 6 сол зиндонӣ шудаанд. Додгоҳ онҳоро ба "ҳамкорӣ бо ҳукумати душманонаи Амрико" гунаҳкор кард.
Ҳамчунин рӯзноманигорон дар амалҳои зидди амнияти миллӣ ва тарғиб зидди ҳукумат айбдор шуданд.
Вакилони мудофеъ гуфтанд, рӯзноманигорон иттиҳоми эъломшударо эътироф накардаанд. Барои шикоят бурдан ба зинаҳои болоӣ онҳо 20 рӯз муҳлат доранд.
Эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Эрон моҳи сентябри соли 2022 ва аз марги духтари 22-сола Маҳсо Аминӣ шуруъ шуд. Ин духтари ҷавон баъди боздошташ ба гумони риоя накардани қонуни ҳиҷоб дар шароити мармуз даргузашт ва ин ҳодиса садҳо ҳазор сокини Эронро ба хашм овард.
Нилуфар Ҳамидӣ баъди он боздошт шуд, ки лаҳзаи ба оғӯш гирифтани волидони Аминиро дар бемористон акс гирифту дар шабакаҳо нашр кард. Муҳаммадиро баъди хабар додан дар бораи маросими дафни Аминӣ боздошт карданд.