83 зану кӯдаки қирғизро аз Сурия баргардонданд

Рӯзи 22-юми октябр 21 зан ва 62 кӯдакро аз Сурия ба Қирғизистон овардаанд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, бозгардондани шаҳрвандоне, ки дар урдугоҳҳои шимолу шарқи Сурия нигоҳ дошта мешуданд, дар доираи лоиҳаи башардӯстонаи “Айкол-3” сурат гирифт.

Дар ин кор ба Қирғизистон Амрико, Бунёди кӯдакони СММ ва Кумитаи ҷаҳонии Салиби Сурх мадад кардааст.

Гурӯҳи аввали паноҳандаҳои қирғизро моҳи феврали имсол ба ватанашон оварда буданд. Он замон 8 зан ва 41 кӯдак аз минтақаҳои ҷанг дар Сурия баргардонида шуданд.

Моҳи марти соли 2021 дар доираи лоиҳаи башардӯстонаи “Мээрим” аз Ироқ ба Қирғизистон 79 кӯдакро баргардонида, ба пайвандонашон додаанд.

Ба иттилои Кумитаи амнияти Қирғизистон, 850 шаҳрванди ин кишвар ба минтақаҳои ҷангзадаи Сурия рафта, 150 нафари онҳо кушта шудаанд.