Ба гуфтаи вай дар 9 моҳ беш аз 15 ҳазор нафар дар кишварҳои хориҷ шиносномаи русияро дарёфт кардаанд. Аксари онҳо кӯдаконе, будаанд аз издивоҷҳои омехта ба дунё омадаанд. Ин омор ба фарқ аз соли 2022 ба таври чашмрас кам шудааст. Соли гузашта 23,5 ҳазор нафар соҳиби шаҳрвандӣ шуда будаанд.
Дар маҷмӯъ соли 2022 дарёфти шаҳрвандии Русия ба фарқ як соли пештар беш аз 6 дар сад кам (691 ҳазор) шудааст. Бино ба омори расмӣ, соли гузашта Тоҷикистон аз нигоҳи гирифтани шаҳрвандӣ дар ҷойи дуввум қарор дошт. 174 зодаи ин кишвар дар як соли гузашта, шиносномаи русӣ гирифтанд.
Имсол ҳам Тоҷикистон дар ин маврид пешсаф будааст. Танҳо дар 6 моҳи аввали соли 2023 тахминан 87 ҳазор тоҷикистонӣ соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд, ки дар муқоиса бо ин давраи соли гузашта ҳудуди 13 ҳазор нафар бештар будааст.
Ба ҳисоби миёна ҳар рӯзе қариб 500 тоҷикистонӣ табааи Русияро мепазиранд ва шумораашон миёни шаҳрвандони нави ин кишвар беш аз 42 дарсадро ташкил медиҳад.
Русия бо ваъдаи пешниҳоди шаҳрвандӣ бо роҳи содда, муҳоҷиронро ба артиш ва ҷанг ҷалб мекунад. То ҳанӯз даҳҳо мавриди сафарбар ва кушта шудани зодаҳои Тоҷикистон дар ҷанги Русия алайҳи Украина расонаӣ шудааст.