83 зану кӯдаки қирғизро аз Сурия ба ватанашон оварданд

Рӯзи 22 -юми октябр бо як парвози махсус 21 зан ва 62 кӯдакро аз Сурия ба Қирғизистон овардаанд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷаи Қирғизистон, бозгардонии шаҳрвандоне, ки дар урдугоҳҳои шимолу шарқи Сурия нигаҳдорӣ мешуданд, дар доираи лоиҳаи башардӯстонаи “Айкол-3” сурат гирифтааст.

Дар ин кор ба Қирғизистон Амрико, бунёди атфоли СММ ё ЮНИСЕФ ва Кумитаи ҷаҳонии Салиби Сурх кӯмак кардааст.

Гурӯҳи аввали паноҳандаҳои қирғизро моҳи феврали имсол ба ватанашон оварда буданд. Он замон 8 зан ва 41 кӯдак аз минтақаҳои ҷанг дар Сурия баргардонида шуданд.

Моҳи марти соли 2021 дар доираи лоиҳаи башардӯстонаи “Мээрим” аз Ироқ ба Қирғизистон 79 кӯдакро баргардонида ба пайвандонашон додаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи амнияти Қирғизистон сар аз соли 2018 850 шаҳрванди ин кишвар ба минтақаҳои ҷангии Сурия рафта, 150 нафари онҳо кушта шудаанд.