Шумори кушташудаҳо дар Ғазза афзоиш ёфт

Наҷотбахшон баъди ҳамлаҳои ҳавоии Исроил рӯзи 21 октябр аз зери овори манзиле дар минтақаи Дайл ал-Балаҳ дар ҷануби Ғазза занеро наҷот доданд

Вазорати беҳдошти Фаластин гуфт, шумори кушташудаҳо дар ҷанги миёни Ҳамосу Исроил аз ҷониби Ғазза ба 4385 нафар расид. Ба иттилои ин вазорат, аз 7-уми октябр, замони шурӯи ҷанг дар Ховари Миёна, инчунин 13 ҳазору 651 нафар маҷрӯҳ гардиданд.

Ба иттилои вазорат, аз миёни кушташудаҳо 1756 нафарашон кӯдак ва 976 нафарашон занон мебошанд.