Субҳи 21-уми октябр дар чанд қисмати шарқиву ҷанубии Украина бонги хатар садо дод. Дар шаҳри Кривой Роҳ, ки дар минтақаи ҷанубии Днепропетровск ҷойгир аст, чандин таркиш рух дод. Олександр Вилкул, раиси шӯрои дифои Кривой Роҳ гуфт, ки ба шаҳр бо мушаку ҳавопаймоҳои бесарнишин ҳамла карданд, вале феълан иттилое дар бораи хисорот дар даст нест. Вилкул дар Телеграмаш навишт, ки вазъиятро пайгирӣ мекунанд.