Мақомоти Туркия рӯзи 19-уми октябр ба рӯзноманигори узбек Қудрат Бобоҷонов иҷоза надодаанд, ки вориди ин кишвар шавад. Ӯ дар Шветсия зиндагӣ мекунад.
Нашрияи "Элтуз", ки Бобоҷонов сармуҳаррири он аст, навишта, ки кормандони фурудгоҳи Истанбул ба рӯзноманигор гуфтаанд, вуруди ӯ ба Туркия манъ мебошад.
Ба нақли Бобоҷонов, марзбонони турк ба ӯ ишора кардаанд, ки ин маҳдудият ба фаъолиятҳои рӯзноманигорияш рабт дорад.
Бобоҷонови 58-сола барои дидани хешовандон ба Туркия рафта буд.
Пештар Туркия ба рӯзноманигори узбекистонии муқими Канада Улуғбек Ашӯр низ иҷозати вуруд надода буд.