Як сомонаро дар Қирғизистон барои мақолаи танқидӣ бастаанд

Вазорати фарҳанг, иттилоъ, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон сомонаи хабарии Nazarnews.org-ро барои ду моҳ баст. Дар ин бора рӯзи 19-уми октябр хабар доданд.

Вазорат дар сомона мақолаеро пайдо кардааст, ки шаъну шараф ва нуфузи кории раиси девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборовро паст мезанад.

"Вазорат сомонаи Nazarnews.org -ро огоҳ кард, ки мақоларо пок кунад. Дар робита ба он ки мақола пок карда нашуд, бино ба меъёри қонун, дастрасӣ ба он маҳдуд гардид", - хабар додааст вазорати фарҳанги Қирғизистон.

Сомонаи мазкур рӯзи 11-уми октябр дар мақолае Оқилбек Ҷабборовро ба фаъолиятҳои коррупсионӣ муттаҳам кард.