"Мо ҳамаи молро ба Русия содирот мекунем, ба истиснои он молҳое, ки ба бахши низомӣ рабт доранд. Нисбат ба онҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст. Ин 106 номгӯи мол аст, содироти онҳоро мо комилан манъ кардаем", - гуфт Кайрат Торебоев, муовини вазири тиҷорати Қазоқистон.
Электрочипҳо ва дастгоҳҳои гуногуни электронӣ низ шомили номгӯйи мазкур шудааст. Асосан ин молҳои истеҳсоли хориҷӣ аст.
Моҳи майи имсол чанде аз расонаҳои байнулмилалӣ дар як таҳқиқоти рӯзноманигорӣ исбот карда буданд, ки Русия бо давр задани таҳримҳо чип ва бесарнишонҳоро барои ҷанги зидди Украина тавассути ширкатҳои қазоқистонӣ харидорӣ кардааст.
Дар Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон гуфта буданд, ки ширкатҳои хусусӣ мумкин аст, ки молҳои мамнуъро ба Русия содир карда бошанд, аммо мақомоти Қазоқистон талош мекунанд, аз чунин содирот пешгирӣ кунанд.