Ширкати "Узбекгидроэнерго" ва ширкати China Southern Power Grid International барои бунёди муштараки нерӯгоҳи барқи обии "Юкори Пскем" шартнома бастанд.
Ин қарордод дар доираи форуми севуми "Як камарбанд - як роҳ" ба имзо расидааст, ки рӯзҳои охир дар Чин баргузор шуд.
Нерӯгоҳи "Юкори Пскем" дар ноҳияи Бостанлики вилояти Тошканд ҷойгир хоҳад буд. Иқтидори он 600 МВт-ро ташкил медиҳад ва арзиши сохтмон аз 1 миллиард доллар иборат аст.
Моҳи июли имсол "Узбекгидроэнерго" ва China Southern Power Grid International барои сохтмони се неругоҳи хурд дар Узбекистон тафоҳумнома имзо карда буданд.