Марде, ки соли 2019 дар ноҳияи Қибрайи Узбекистон ба номуси як духтари 13-сола дастдарозӣ карда буд, 15 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.
Хадамоти матбуотии Додгоҳи олии Узбекистон 18 октябр хабар дод, ки ҳукмро додгоҳи ноҳиявӣ содир кардааст.
Расонаи "Nemolchi.uz" иттилоъ дод, ки ба номуси духтари 13-сола ҳамсояаш соли 2019 дастдарозӣ кардааст. Вале духтар ба далели таҳдид қазияро пинҳон доштааст.
Ҷониби ҷабрдида 2 марти соли 2022 ба додситонӣ шикоят бурда, парванда танҳо моҳи апрели имсол боз гаштааст.
Бино ба омори расмӣ, дар Узбекистон соли 2021 дар робита ба таҷовузи ноболиғон 334 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, соли 2022 ин рақам ба 395 расидааст.