Ҳамлаи Исроил ба мавзеъҳои "Ҳизбулллоҳ" дар Лубнон

Нерӯҳои артиши Исроил субҳи панҷшанбеи 19-уми октябр дар баёнияе эълон кард, ки ба мавзеъҳои "Ҳизбуллоҳ" дар Лубнон ҳамла кардааст.

Шабакаи телевизиоинии CNN ба нақл аз яке аз хабарнигорони худ дар ҷануби Лубнон гузориш додааст, ки дар соатҳои аввали бомдоди панҷшанбе садоҳои чанд таркиш шунида шудааст.

"Ҳизбуллоҳ" рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки чандин постгоҳи Исроил дар марзи Лубнонро ҳадафи ҳамла қарор додааст.

Нерӯҳои дифоии Исроил мегӯянд, ки ҷузъиёти бештаре дар бораи ҳамлаи панҷшанбе ироа хоҳанд кард.