Айман Сафади, вазири корҳои хориҷии Урдун бо эълони бекор шудани ин нишаст гуфт, “ҳоло ғайр аз қатъ кардани ҷанг дар бораи чизи дигаре сухан рондан маъно надорад.”
Ба гуфтаи Сафади, ин тасмим баъди машварат бо ташкилоти худгардони Фаластин, Миср ва ИМА гирифта шуд. Пеш аз ин Маҳмуд Аббос аз ширкат дар нишасти чорҷониба даст кашида буд. Кохи Сафед ҳам бекор шудани сафари Ҷо Байденро ба Урдун тасдиқ кард.
"Баъди машварат бо подшоҳи Урдун Абдуллоҳи II ва дар доираи мотами эълонкардаи роҳбари ташкилоти Фаластин Маҳмуд Аббос, президент Байден сафари худро ба Урдун мавқуф гузошт,"-омадааст дар хабарномаи Кохи Сафед.
Қарор аст Ҷо Байден имрӯз вориди Тел Авив, пойтахти Исроил шавад.
Рӯзи 17-уми октябр дар натиҷаи зарба ба ин бемористони Навори Ғазза, минтақаи зери итоати гуруҳи "Ҳамос", садҳо кас кушта ва захмӣ шудаанд. Мақомоти фаластинӣ гуфтанд, дар таркиши бемористони "Ал-Аҳлӣ" дар Ғазза зиёда аз 500 кас ҷон бохт. Онҳо Исроилро масъули ҳодиса донистанд. Артиши Исроил, баръакс, гурӯҳи фаластинии "Ҷиҳоди исломӣ"-ро гунаҳкор шумурд. Ҳалокати садҳо нафар дар бемористон рӯзи 17-уми октябр вокунишҳоро ба миён овард. Бо ин ҳол, аз ҷониби кӣ сар задани зарба ба бемористони Ғазза, ки садҳо кушта барҷой гузошт, номаълум ва баҳсӣ мемонад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Тоҷикистон "зарба ба бемористони Ғазза"-ро маҳкум кардТаркиш дар бемористони Ғазза. Садҳо кас кушта шудаандВокунишҳо ба кушта шудани садҳо нафар дар таркиши як бемористон дар Ғазза. ВИДЕО