Як корманди Горди миллии Узбекистон худкушӣ кардааст

Акс аз бойгонӣ.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Узбекистон менависанд, як корманди Горди миллӣ дар бинои додситонии ноҳияи Олмазори шаҳри Тошканд худкушӣ кардааст.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Узбекистон менависанд, як корманди Горди миллӣ дар бинои додситонии ноҳияи Олмазори шаҳри Тошканд худкушӣ кардааст.

Маркази матбуотии Додситонии кулли Узбекистон марги корманди Горди миллиро тасдиқ кард.

Дар додситонӣ гуфтанд, ҷасади корманди Горди миллӣ дар ҳоҷатхонаи додситонӣ пайдо шудааст.

Айни замон додситонии низомии Тошканд тафтишоти аввалияро шуруъ кардааст.