Бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои мунтахабиМалайзия ва Тоҷикистон дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпур бо ҳузури 60 ҳазор тамошогар доир гардид.
Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба нафъи футболбозони тоҷик хотима ёфт. Голро ҳамлагар Рустам Соиров дар дақиқаи 44-ум зад. Ӯ дар ҷаримагоҳи мизбонон ба тӯб соҳиб шуда, бо дарвозабон як ба як баромад ва тӯбро аз масофаи наздик бо зарбаи сахт ба нишон расонд.
Голи дувуми мунтахаби Тоҷикистонро ҳамлагар Шаҳром Самиев дар охири бозӣ, дар дақиқаи 88-ум ба дарвозаи мизбонон ворид кард. Ӯ ҳам тӯбро аз ҷаримагоҳ ба дарвоза зад.
Ҳамин тариқ, мунтахаби Тоҷикистон бо «Ҷоми Мердека-2023», медалҳои тилло ва ҷоизаи молӣ сарфароз гашт. Ба мунтахаби Малайзия медалҳои нуқра ва ҷоизаи молӣ супурда шуд.
Ин бозии чаҳоруми тимҳои миллии Тоҷикистону Малайзия ба шумор мерафт. Дар се бозӣфутболбозони тоҷик ва дар як дидор малайзиягиҳо ғолиб шудаанд.
Дар ҳамин ҳол дар радабандии FIFA Тоҷикистон дар байни 207 кишвар дар зинаи 110-ум ва Малайзия дар зинаи 134-ум қарор доранд.
Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, дар бораи бозии ниҳоии «Ҷоми Мердека-2023» бо тими миллии Малайзия гуфтааст, «ин бозӣ барои дастаи мо як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии ҷаҳон ва қисми ниҳоии Ҷоми Осиё ба шумор мерафт. Бо вуҷуди он ки дар ин бозӣ бархе аз бозигаронии калидии даста иштирок накарданд, футболбозони ба ҷои онҳо даъватшуда имкон доштанд, ки маҳорати худро намоиш диҳанд. Аз он хушҳолам, бачаҳои мо, ки муқобили рақибамон хуб ҳунарнамоӣ карданд, пирӯз шуданд.»
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби Фаластин бинобар вазъи мушкили сиёсӣ дар ин кишвар маҷбур шуд, ки аз ширкат дар «Ҷоми Мердека-2023» даст кашад. Қаблан эълон шуда буд, ки дар даври ниманиҳоии мусобиқот мунтахаби Фаластин 13-уми октябр бо тими миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад.
Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон пеш аз муҳлат ба финали «Ҷоми Мердека-2023» роҳ ёфтва бо тими миллии Малайзия, ки дар даври ниманиҳоӣ мунтахаби Ҳиндустонро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод, рақобат кард.
Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомил буданд.
Ба далели омодагии қаҳрамони Тоҷикистон, бошгоҳи «Истиқлол»-и Душанбе ба бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 ситоди мураббиёни тими миллӣ бозигарони ин дастаро дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи октябр ба ҳайати мунтахаб даъват накарданд.
Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «ҶомиМердека-2023»:
Дарвозабонҳо: Суҳробхуҷа Юсупов (КМВА), Сафармад Ғаффоров («Хатлон»-и Бохтар), Далер Баротов («Истаравшан»-и Истаравшан);
Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис»,Эрон), Зоир Ҷурабоев («Нефтчӣ», Узбекистон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Узбекистон), Далер Имомназаров («Эсхата»-и Хуҷанд), Холмурод Назаров («Равшан»-и Кӯлоб), Фахриддин Аҳтамов («Хуҷанд»), Диловар Ҷамшедзода, Баракатулло Неъматуллозода (ҳарду аз «Барқчӣ»);
Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Бухоро», Узбекистон), Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия), Муродалӣ Ақназаров («Анталяспор», Туркия), Вайсиддин Сафаров (КМВА), Алишер Шукуров («Кӯктош»), Абубакр Сулаймонов («Барқчӣ»);
Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Локомотив», Узбекистон), Шаҳром Самиев («Милсами», Молдова), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Ҳосилот»).
Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).
Мусобиқаи байналмилалии «ҶомиМердека-2023»
Нимфинал
13-уми октябр (ҷумъа)
Малайзия – Ҳиндустон – 4:2
17-уми октябр (сешанбе)
Финал
Малайзия – Тоҷикистон – 0:2
Голҳо: Рустам Соиров, 44 (0:1), Шаҳром Самиев, 88 (0:2).
«Тоҷикистон»: Далер Баротов, Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров, Ваҳдат Ҳанонов, Холмурод Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Парвизҷон Умарбоев (сарвони даста), Муҳаммадҷон Раҳимов(Муродалӣ Ақназаров, 90+4), Алишер Шукуров(Нуриддин Ҳамроқулов, 48), Руслан Хайлоев(Вайсиддин Сафаров, 70), Рустам Соиров(Шаҳром Самиев, 81).
17-уми октябр. Куала-Лумпур. Варзишгоҳи Букит Ҷалил, 60 000 тамошогар.