Ҳомии ҳуқуқи қазоқистониро ба Гурҷистон роҳ надоданд

Дина Смаилова

Ҳомии ҳуқуқи қазоқистонӣ ва раҳбари бунёди "НеМолчи.kz" Дина Смаиловаро, ки ду соли ахир дар Гурҷистон ба сар мебурд, ба он кишвар роҳ надоданд.

Ба гуфтаи Смаилова, ӯ ҳамроҳи ҳамсараш 24 сентябр барои кумак ба як шахси зери ҳимояи худ ба Туркия сафар карда буд. Вале се рӯз баъд ҳангоми баргашт ба Гурҷистон ба онҳо иҷозаи вуруд ба ин кишварро надодаанд.

“Дар марз ба мо гуфтанд, ки мунтазир монед. Баъд аз чанд соат афсаре ба назди ман омада, гуфт, ки шумо дубора ба шаҳри Анталия баргардед”, - изҳор доштааст ҳомии ҳуқуқ.

“НеМолчи.kz” аз ҳуқуқи бонувон, аз ҷумла қурбониёни хушунати хонаводагӣ ҳимоят мекунад. Он имсол бунёдеро бо номи “Немолчи” дар Гурҷистон сабтином карда буд.

Мақомоти Гурҷистон қаблан ба муассиси бунёди русиягии “Насилию.нет” Анна Ривина ва сармуҳаррири сомонаи “Arzamas” Филипп Дзядко низ иҷозат надода буданд, ки вориди он кишвар шаванд.