Гуфта мешавад, тақрибан 400 ҳазор кас дар мактабҳо ва биноҳои UNRWA паноҳ бурдаанд, аммо аксари ин биноҳо наметавонанд, паноҳгоҳ бошанд.
Пештар мақомоти Исроил ба сокинони навори Ғазза дастур доданд, ки то замони шуруъи амалиёти заминии сарбозони исроилӣ дар навори Ғазза манзилҳояшонро тарк кунанд. Мақомоти Исроил гуфтанд, низомиёни Ҳамос дар шаҳри Ғазза паноҳ бурдаанд ва зидди онҳо амалиёти заминӣ анҷом медиҳанд.
Ба иттилои Вазорати тандурустии Ғазза, дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии Исроил ҳадди ақал 2808 фаластинӣ дар навори Ғазза кушта шуда, 10 ҳазору 859 тани дигар ҷароҳат бардоштааст.
Бино ба иттилои охирини ҳукумати Исроил, дар натиҷаи ҳамлаи рӯзи 7 октябри Ҳамос бештар аз 1400 одам дар Исроил кушта шудааст. Артиши Исроил гуфт, ки Ҳамос бештар аз 155 касро асир гирифтааст.