Дар таркиши як автобус дар ноҳияи Мубораки вилояти Қашқадарёи Узбекистон чор кас осеб дидааст. Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон хабар дод, ки ҳодиса 15-уми октябр дар шоҳроҳи "Қаршӣ-Бухоро", дар ҳудуди ноҳияи Муборак рух додааст.
Ҳангоми ҳаракати автобуси "ISUZU", ки дар дохилаш мусофирон буданд, балони газ таркидааст.
"Дар натиҷаи таркиш чор мусофир ҷароҳатҳои миёна бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд. Ягон нафар ба ҳалокат нарасидааст", - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Қаблан дар наворҳои ҳодиса, ки дар Интернет нашр шуданд, аз ҳалокати як нафар хабар дода шуда буд.