Дар ин бора Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико дар суҳбат ба як гуруҳ аз вакилони Маҷлиси намояндагони ИМА хабар додааст. Ба навиштаи нашрияи Politico, суҳбати Блинкен бо гуруҳе аз вакилон 3-юми октябр анҷом шудааст.
Дар вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Амрико бо гуруҳе аз вакилон, масъалаи чораҳои эҳтимолӣ нисбати Озарбойҷон дар посух ба ҳамлаи ин кишвар ба Қаробоғ баҳс шудааст. Фрэенк Пэллон, аъзои Маҷлиси намояндагони Амрико пас аз чанд рӯзи ин ҷаласа дар шабакаи X (Твиттер) навишт, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ҳадаф дорад, ки ҷануби Арманистонро тасарруф кунад.
Боку то ҳол ба ин хабар вокуниш накардааст.
Баъди ҳамлаи неруҳои озарӣ дар таърихи 19-уми сентябри имсол Қаробоғ таслим шуд ва ба гуфтаи Созмони Милал ҳазорҳо арманӣ маҷбур шуданд аз хонаҳои худ фирор кунанд.
Энтони Блинкен ба вакилони Маҷлиси намояндагони Амрико гуфтааст, ҳукумати ин кишвар нияти тамдиди шартнома барои интиқоли силоҳро ба Озарбойҷон надорад.