1 кушта ва 22 захмӣ. Зарбаи Русия ба ҷануб ва шарқи Украина

Авдеевка, Донетск

Мақомоти Украина рӯзи 14-уми октябр гуфтанд, ки Русия дигарбора ба аҳолии осоишта дар шарқ ва ҷануби ин кишвар зарба зад.

Ба иттилои онҳо, камаш як нафар кушта ва зиёда аз бист каси дигар захмӣ шудаанд.

Даргириҳо айни замон дар атрофи Бахмут ва Авдеевка дар вилояти Донетск башиддат идома дорад.

Иҳор Мороз, иҷрокунандаи вазифаи волии Донетск, 14-уми октябр гуфт, бар асари тирборони Русия ба маҳалли ғайринизомиён дар шабонарӯзи гузашта "22 кас маҷрӯҳ шуд".

Волии Херсон Александр Прокудин хабар дод, ки шаҳри Берислав аз сӯйи артиши Русия дубора тирборон гардид.

Дар бораи кушта шудани як зан гузориш шуд.

Прокудин дар Telegram навишт, "тақрибан соати 6-и субҳи шанбе артиши Русия ба шаҳр ҳамла кард. Онҳо як хонаро заданд. Аз зери харобаҳо зани шастсола ёфт шуд."