Дар ҳамла ба масҷиде дар Афғонистон чанд кас кушта шуд

21 апрели соли 2022. Ин масҷиди шиаҳо дар Мазори Шариф ҳам мавриди ҳамла қарор гирифт ва дар натиҷа 12 нафар куштаву захмӣ шуданд. Ин ҳамла дар моҳи Рамазон рух дода буд

Дар ҷараёни намози ҷумъаи 13 октябр дар як масҷиди шиаён дар шаҳри Пули Хумрии маркази вилояти Бағлони Афғонистон чанд нафар куштаву захмӣ шуданд.

Ҳанӯз шумори дақиқи талафот дар даст нест. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ мақомоти маҳаллӣ ва ҳам манбаъҳои дигар хабар доданд.

Эҳтимоли пешакӣ ин аст, ки таркиш дар натиҷаи инфиҷори бомбаи дар дохили масҷид ҷойгузоришуда рух дод. Ҳеҷ нафар ё гурӯҳе ҳанӯз масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтаст.