Нахуствазир Бенёмин Нетаняҳу ва раиси ҳизби мухолифи "Ваҳдати миллӣ"-и Исроил Бенни Гантз дар робита ба ҳамлаи "Ҳамос" ба ҷануби ин кишвар ҳукумати изтирорӣ ташкил карданд.
Расонаи исроилии "Ynet" иттилоъ дода, ки тибқи созиш, Нетаняҳу, Гантз ва вазири дифои Исроил Йоав Галант ба ҳайати девони низомӣ шомил мешаванд.
Дар давраи ҷанг танҳо лоиҳаи қонун ё қарорҳои ҳукуматие қабул мешаванд, ки ба рафти ҷанг рабт доранд. Ҳама таъйинот ба вазифаҳои роҳбарикунанда ба таври худкор тамдид хоҳанд шуд.
Қаблан ташкили ҳукумати изтирориро аксари раҳбарони ҳизбҳои порлумонии Исроил ҷонибдорӣ карда буданд.
Рӯзи 7-уми октябр ва баъди ҳамлаи "Ҳамос" ба Исроил, миёни ду тараф даргирӣ сар шуд. Дар ин ҷанг, ки панҷ рӯз аст идома дорад, аз ду тараф беш аз 2 ҳазор нафар кушта ва садҳо нафар маҷруҳ шуданд.