Нахуствазири Арманистон аз ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил худдорӣ кардааст. Қарор аст ин нишаст 13-уми октябр бо ҳузури Владимир Путин дар шаҳри Бишкек баргузор шавад.
Никол Пашинян 10-уми октябр дар суҳбати телефонӣ бо раиси ҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов изҳори таассуф кардааст, ки наметавонад барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ ба Бишкек биёяд.
Мушаххас нест, ки сабаби худдории Пашинян аз вохӯрӣ бо сарони ИДМ чист. Ҷониби Арманистон дар ин бора чизе нагуфтааст.
Аммо равобити Арманистон ва Русия дар робита ба масъалаи Қаробоғи Куҳӣ сард шудааст. Неруҳои Озарбойҷон 19-уми сентябр ба ин минтақа ҳамла карда, як рӯз пас онро пурра тасарруф карданд. Баъди ин ҳазорҳо арманӣ маҷбур шуданд аз Қаробоғ фирор кунанд.