Фаъоли ёқутистониро дар Қазоқистон рабудаанд

Навозанда ва фаъоли маданӣ аз Ёқутистон Айхал Аммосов рӯзи душанбе дар Қазоқистон аз сӯи афроди ношинос рабуда шудааст.

Ҷунбиши истиқлолхоҳи Ёқутистон хабар дод, ки Аммосовро шахсони мулкипӯш иҷборан ба мошин савор карда, ба самти номаълум бурдаанд.

Дустони Аммосов дар суҳбат бо расонаи "Sota” гуфтанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон рӯзҳои ахир ба ӯ “таваҷҷуҳ зоҳир” карда буданд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони расона, маъмурони пулис чанд рӯз пеш шахсеро, ки ба Аммосов дар дарёфти иҷозатномаи зисти муваққат мусоидат кард, бозпурсӣ карда буданд.

Айхал Аммосов яке аз фаъолони Ҷунбиши истиқлолхоҳи Ёқутистон аст. Ӯ зидди ҳамлаи низомии Русия ба Украина баромад мекард. Вай баъди таъқибҳои мақомоти рус соли 2022 ба Қазоқистон фирор карда буд.